Аз таҳти дил бихандед!
Нози арӯс
Домод арӯсашро рӯи даст бардошта, аз идораи ақди никоҳ мебарояд. Арӯс ба гӯшаш мегӯяд:
— Фарҳод, мо аллакай оиладор шудем-а?
Домод мегӯяд:
— Бале.
Арӯс дар ҷавоб:
— Биё, акнун ба гарданат баромада шинам.
Машқи сулфазанӣ
Духтур:
— Ба андешаи ман имрӯз сулфазании шумо беҳтар шудааст.
Мизоҷ:
— Бале духтурҷон, ман шаби дароз машқ кардам.
Лабсурхкунак
Аз суҳбати ду рафиқ:
— Дирӯз занам дар куртаам изи лабсурхкунакро дида девона шуд.
— Акнун, чӣ кор мекунӣ? Занат хокатро мебезад!
Мард мегӯяд:
— Э напурс ҷӯра, шабу рӯз дод зада гаштааст, ки ба ман ҳам чунин лабсурхкунак харида медиҳӣ!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ