Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Чорпо менамоед

Як марди олус барои додхоҳӣ ба назди подшоҳ омад. Подшоҳ ба ҷои шунидани арзу дод он мардро шарм доронданӣ шуда, пурсид:

— Ба назари олусҳо ҳар як чиз дуто менамояд мегӯянд, ҳамин гап рост?

Олус дарҳол ҷавоб дод:

— Ҳо, тақсир! Масалан, ҳозир шумо ба назари ман чорпо менамоед!

Тақсимот

Зану шавҳар дар сари суд аз ҳам ҷудо шуда истода, ҳеҷ дар тақсим кардани фарзандон ба мусолиҳа намеоянд. Зан:

— Ду фарзандамро ман мегираму яктояшро ту.

Шавҳар дар ҷавоб:

— Ду фарзандам бо ман мемонанд, яктояш бо ту.

Баъди як соати баҳсу мунозира зан тоқат накарда мегӯяд:

— Гӯш кун, рафтем ба хона. Соли дигар, ки фарзандонамон чор нафар шуданд, баъд ба суд омада ҷудо мешавем.

Ғайбат

Муаллими таърих аз хонанда мепурсад:

— Канӣ бигӯ, шоҳ Аббос чӣ гуна шоҳе буд?

Хонанда ҳар қадар ки фикр мекунад, ҷавоби суолро пайдо карда наметавонад ва билохира мегӯяд: — Устод, аз қафои мурда гап задан хуб нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *