Аз таҳти дил бихандед!
Ақли расо
Марде бо карру фар дар ситоиши худ мегуфт:
— Аз ҳеҷ чизи дунё камӣ надорам.
Яке аз ҳозирбудагон гуфт:
— Бале, бале, ба ҷуз ақли расо!
Истироҳат
Аз суҳбати ду рафиқ:
— Дӯстам, боре Варзоб истироҳат рафта будӣ?
— Бале.
— Қайроққум чӣ?
— Қайроққум низ.
— Кадомаш беҳтар аст барои истироҳат?
— Намедонам. Ман ҳамроҳи занак рафта будам.
Ҷавонӣ
Зан ба шавҳар мегӯяд:
— Дар ҷавонӣ аҳмақ будаам, ки барои зани шумо шудан розӣ шудам.
Шавҳар мегӯяд:
— Занак, ҳоло ҳам ҷавон менамоӣ…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ