латифа

Аз таҳти дил бихандед!

“Ёрии таъҷилӣ”

Марде ба рақами “Ёрии таъҷилӣ” занг зада, мегӯяд:

— Алло! “Ёрии таъҷилӣ” аст? Ин ҷо аҳволи нафаре бад аст!

Дар ҷавоб мегӯянд:

— Ҳоло аҳволи кӣ хуб аст?

Кумак

Дар кӯча ҷавоне аз роҳгузар мепурсад:

— Ако, бахшиш, шумо ба ман роҳи беморхонаро нишон дода метавонед?

Роҳугзар мегӯяд:

— Медонед, фаҳмондан душвор аст, беҳтараш ба саратон як мушт фароварда, “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кунам, кори осонтар аст!

Трактор

Муаллимае аз деҳаи дурдаст дар интихоби шавҳар душворӣ мекашад. Дугонааш ба ӯ мегӯяд:

— Сафармоҳ, чаро нозу нуз карда мешинӣ, директори мактабро мегирӣ ё тракторчиямонро?

Сафармоҳ мегӯяд:

— Дугонаҷон, чӣ кор карданамро намедонам. Агар директорро гирам, ба зудӣ ба вазифаҳои болоӣ баромада метавонам, вале бе трактор ба мактаб расида наметавонам…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *