Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ёрӣ

Донишомўзе пиразани заиферо дид, ки тўрхалтаи пурборро базўр мебарад. Ба ў дилаш сўхт, раҳмаш омад. Аз ин рў ба ў наздик шуда, гуфт:

— Ёрӣ бидиҳам?

Ва даст ба тўрхалтаи пиразан дароз кард.

Пиразан бо тамоми овоз дод зад:

— Ёрӣ диҳед!

Кӣ пеш?

Аз донишҷўе пурсиданд:

— Кӣ пеш ба дунё омадааст: инсон ё тарс?

Ў гуфт:

— Тарс.

Гуфтанд:

— Чаро?

Гуфт:

— Агар инсон пеш ба дунё меомад, тарсро ҳеҷ гоҳ ба дил роҳ намедод.

Лотерея

Донишҷў дар кашидани билет дудила шуда монд. Устод гуфт:

— Натарсида кашидан гир, имтиҳон ҳам чун лотерея аст.

Донишҷў гуфт:

— Набошад, ман билет нею якбора баҳо кашида гирам-чӣ?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *