Аз таҳти дил бихандед!
Кӣ хўҷаин?
Аз марде пурсиданд:
— Дар оила кӣ хўҷаин: ту ва ё янга?
Вай дар ҷавоб гуфт:
— Ман, танҳо ҳамён дар дасти янга.
Қарз
Мардеро зарурате пеш омад, ба шиносаш гуфт:
— Пул доред?
Гуфт:
— Бале, дорам.
Гуфт:
— Ин тавр бошад, ҳазор сўм қарз бидиҳед.
Гуфт:
— Намедиҳам.
Гуфт:
— Чаро?
Гуфт:
— Чунки бо даст дода, бо по давиданӣ нестам.
Аз берун пўш
Шахси бетамизе ба хонаи шиносаш ворид шуд ва гуфт:
— Дарро бипўшам?
Ҷавоб шунид:
— Бале, аз берун!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ