Аз таҳти дил бихандед!
Обила дорад
Яке ба дигаре мегўяд:
— Ана ҳамин одам депутат аст.
Дигарӣ мегӯяд:
— Аз куҷо донистӣ?
Аввалӣ мегӯяд:
— Нўги ангушташ обила дорад.
Дигарӣ мегӯяд:
— Барои чӣ нўги ангушти депутат бояд обила дошта бошад?
Аввалӣ мегӯяд:
— Охир, ў рўзи дароз фақат тугмача зер мекунад.
Хоҳиши дил
Ҷавонмардеро пурсиданд:
— Дилат чӣ мехоҳад?
Гуфт:
— Мехоҳад ба таври куҳна кор кунаму ба таври нав маош гирам.
Ё ҳар се
Мард ба хона маст меояд. Тоқати ҳамсараш тоқ шуда, бо ғазаб дод мезанад:
— Ё ман, ё арақ!
Мард бо заҳрханда нидо мекунад:
— Ё ҳар се!
Зан аз шиддати ғазаб ларзида, мепурсад:
— Сеюмаш кӣ?
Мард мегўяд:
— Зани ҳамсоя!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ