Аз таҳти дил бихандед!
Равғани зиёдатӣ
Мард аз занаш мепурсад:
— Занак, ту дар баданат равғани зиёдатӣ дорӣ?
Зан ба қаҳр омада:
— Бале, дорам.
Мард аз саволи додааш пушаймон шуда, мегӯяд:
— Ин занакҷони ман ҳама чизро дорад-е!
Хушдоман
Марде аз дӯсташ мепурсад:
— Шоҳин, чаро ту хушдоманатро аз занат бештар дӯст медорӣ?
Шоҳин мегӯяд:
— Хушдоманам аз аввал зидди оиладор шудани мо буд!
Китоб
Зан китоберо мутолиа намуда, баногаҳ ба шавҳараш мегӯяд:
— Шармандагӣ, шармандагӣ!
Шавҳар ҳайрон шуда, мепурсад:
— Чӣ гап шудааст?
Зан мегӯяд:
— Суҳроб, тасаввур мекунӣ, ким-кадом Умари Хайём дар китоби худ шеърҳоеро чоп намудааст, ки ту замони шинос шуданамон ба ман бахшида будӣ!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ