Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Галстук

Зан ба шавҳар мегӯяд:

— Аҳмадҷон, ман 3 метр шёлк харидам, бароят галстук медӯзонам.

Шавҳар мегӯяд:

— Барои чӣ матоъро ин қадар бисёр харидӣ?

Зан мегӯяд:

— Ҳеҷ гап не, аз боқимондааш барои ман курта медӯзонем.

Троллейбус

Зан аз мард мепурсад:

— Фарҳодҷон, ба хона бо чӣ меравем?

Мард мегӯяд:

— Гулиҷон, ту бо чӣ рафтан мехоҳӣ?

Зан мегӯяд:

— Намедонам тарзи дурусти талаффузаш чӣ гуна бошад: «таксӣ» ё «такси»?

Мард мегӯяд:

— Тарзи дурусташ «троллейбус».

Ғижжак

Марде ба хонаи ҳамсоя занг зада, мегӯяд:

— Бахшиш, шумо ин бегоҳӣ ба ман ғижжаки худро дода метавонед?

Ҳамсоя ҳайрон мешавад:

— Шумо мехоҳед ғижжакнавозиро омӯзед?

Мард мегӯяд:

— Не, ман мехоҳам аз хоб сер шавам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *