Аз таҳти дил бихандед!
Ҷавонӣ
Субҳгоҳон шавҳар ба занаш мегӯяд:
— Ман вақте ришамро мегирам, худро бист сол ҷавонтар ҳис мекунам.
Зан дар ҷавоб мегӯяд:
— Пас, чаро пеш аз хоб ришатро намегирӣ?
Ҳамсояҳо
Зане субҳгоҳон аз ҳамсояаш мепурсад:
— Ҳа Гуландом, бемор шудӣ чӣ?
Гуландом дар ҷавоб:
— Савригул, барои чӣ ман бемор мешудаам?
Савригул мегӯяд:
— Ин саҳарӣ аз хонаат духтур баромада буд.
Гуландом мегӯяд:
— Хайр чӣ? Вақте субҳгоҳон аз хонаи ту полковник мебарояд, ман “Ҷанг сар шудааст” гуфта, дар тамоми кӯча доду вой намебардорам ку!
Қарздор
Аз марде мепурсанд:
— Шумо наметарсед, ки аз коронавирус вафот мекунед?
Мард дар посух мегӯяд:
— Ман аз бонк қарздор ҳастам, онҳо маро мурдан намемонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ