Аз таҳти дил бихандед!
Асрори фарбеҳӣ
Ҷавоне аз падараш мепурсад:
— Дада, чаро очаам солҳои пеш хароб буданду ҳоло фарбеҳанд?
Падар дар ҷавоб:
— Бачем, ҳамаи занҳо ҳамин хеланд. То тӯяшон харобанд, то ки ба хонаи шавҳар даромадан барояшон осон бошад. Баъди тӯй фарбеҳ мешаванд, то ки аз дар берун карданашон душвор шавад.
Парол
Мард ба занаш мегӯяд:
— Занак, зуд ба ёрии таъҷилӣ телефон кун, аҳволам бад аст, ҳозир мемирам!
Зан мегӯяд:
— Майлаш, пароли телефонатонро гӯед.
Мард дарҳол худро ба даст гирифта:
— Занак, хай мон, даркор не. Як рӯз не, як рӯз ҳамаамон мемурем…
Кӣ зӯртар?
Шер дар ҷангал сайругашт дорад, ки аз пешаш заррофа мебарояд. Мегӯяд:
— Ҳой гардандароз, канӣ гап зан, дар ин ҷангал аз ҳама зӯр кӣ аст?
Заррофа дар ҷавоб:
— Ту зӯрӣ, шер!
Шер қаноатмандона табассум карда, роҳашро давом медиҳад. Ин дафъа аз наздаш гӯрхар мебарояд?
— Ҳой заррофаи рах-рах, дар ин ҷангал кӣ аз ҳама зӯртар аст?
Гӯрхар:
— Албатта ту, шер!
Шер бо ғурур роҳашро давом медиҳад. Аз пешаш фил мебарояд.
— Ҳой бинидароз, дар ҷангал кӣ аз ҳама зӯртар аст?
Фил бо хартумаш шерро бардошта ба даруни ботлоқ мепартояд. Шер бо як азоб аз ботлоқ берун шуда, мегӯяд:
— Асабӣ шудан чӣ лозим? Ҳамту “ман намедонам” мегуфтӣ, кифоя буд!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ