Аз таҳти дил бихандед!
Дашном
Коргардон ба драматург мегӯяд:
— Ман асари шуморо мутолиа намудам, вале барои ба саҳна гузоштан ризоият намедиҳам. Зеро зидди дашному ҳақорат дар театр ҳастам.
Драматург мегӯяд:
— Вале дар матни ман ҳақорат нест.
Коргардон мегӯяд:
— Дар матн нест, вале дар зал мешавад.
Зангирӣ
Шер — шоҳи ҷангал издивоҷ кард. Дар маросими тӯяш ҳамаи ҳайвонҳоро даъват кард. Муше, ки он ҷо ҳузур дошт, зуд-зуд ба шер мегуфт:
— Тӯят муборак шавад, бародар, муборак!
Паланге аз ин гуфтаҳои муш ба хашм омаду гуфт:
— Ту чӣ тавр ҷуръат карда, шоҳи ҷангалро бародар мегӯӣ? Ту куҷову шер куҷо?…
Муш гуфт:
— Асабонӣ нашав, паланг! Ман ҳам пеш аз зан гирифтанам шер будам…
Занбӯр
Аз сари сангпушт занбӯр мегазад. Чанде зӯр зада, сарашро таги косахонааш кашиданӣ мешавад, вале наметавонад.
Ночор мегӯяд:
— Обоооо, имшаб дар берун мемонем чӣ бало?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ