Аз таҳти дил бихандед!
Фарқият
Писаре аз падараш мепурсад:
— Падар, фарқият байни зану мард дар чист?
Падар дар ҷавоб:
— Пойҳои ман андозаи 44-умро доранд ва андозаи пойҳои модарат 37-ум аст. Фарқияти зану мард дар байни ана ҳамин пойҳо аст!
Савол
Марде ба домулло мегӯяд:
— Салом алейкум домуллои гиромӣ! Ба шумо як савол доштам.
Домулло:
— Марҳамат, саволатонро диҳед.
Мард мегӯяд:
— Домуллои муҳтарам, зане, ки рӯзи дароз дар интернет 10 соат вақти худро гузаронида, тарзи пухтани хӯрокро меомӯзаду барои хӯроки шом ҳатто тухмбирён пухта наметавонад, чӣ ҳукм дорад? Оё чунин занро бо тоба задан иҷозат аст?
Домулло мегӯяд:
— Албатта! Беҳтараш бо тобаи тафсон занед!
Паём
Зане ба шавҳараш паём равон мекунад: «Азизам, вақти омаданат аз дӯкони сари роҳ мева бихар. Воқеан, Лайло саломат гуфт».
Шавҳар дар ҷавоб навишт: «Лайло кист?».
Зан бо ханда: «Ҳеҷ кас, мехостам мутмаин шавам, ки паёмамро хондаӣ ё не».
Мард: «Охир, ман ҳамин ҳоло бо Лайло ҳастам ва мехостам бидонам, ки ту ӯро аз куҷо мешиносӣ?».
Зан: «Чӣ? Ҳоло куҷоӣ?».
Мард: “Ҳамроҳи Лайло дар дӯкони сари роҳ».
Баъди чанд лаҳза зан ба шавҳараш занг зада, мегӯяд: «Ман ҳамин ҳоло ба дӯкон расидам, аммо ту ва он аҷинаат куҷоед?».
Мард бо ханда: «Ман дар ҷои кор ҳастам. Ҳоло ки ба дӯкон омадӣ, мева харида бибар».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ