Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Мурғи курк

Нафаре аз Россия бармегардад. Ҷӯраҳояш аз вай мепурсанд:

— Дар Россия забони русиро ёд гирифтӣ?

— Албатта, чизе ҷолиб бошад, ба русӣ тарҷума мекунам!

— Мурғи куркро русҳо чӣ мегӯянд?

Каме фикр мекунаду посух медиҳад:

— Курица без настроение.

Алимент

Писар 18-сола мешавад. Падараш оҳи сабуке кашида, мегӯяд:

— Ана, акнун рафта ба модарат гӯй, ки дигар алиментсупорӣ тамом. Тамошо кун, ки афташ чӣ хел мешавад.

Писар назди модараш рафта, гапҳои падарро мерасонад. Модар бо табассум:

— Ба падарат гӯй, ки вай 18 соли дароз барои кӯдаки бегона алимент супурд. Баъд афташро бин, ки чӣ хел мешавад!

Мо ҳам мусулмонем

Ба хонае дуздон медароянд. Соҳибхона мебинад, ки онҳо ҳатто ҷойнамозро бо худ бурданианд.

— Ҳой беинсофҳо, ақаллан ҳамон ҷойнамозро набаред!,- мегӯяд соҳибхона.

Дузде мегӯяд:

— Фақат ту не, мо ҳам мусулмонем, ака!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *