Аз таҳти дил бихандед!
Рӯзҳои дарозу кӯтоҳ
Дар вақти имтиҳон муаллим аз шогирд пурсид:
— Дар бораи аз гармию сардӣ тағйир ёфтани ҷисмҳо чӣ медонӣ?
Шогирд каме фикр карду гуфт:
— Ҳамаи ҷисмҳо аз гармӣ васеъ ва аз сардӣ фушурда мешаванд.
— Дуруст,- гуфт муаллим.- Канӣ як мисол гӯй.
— Масалан, вақти тобистон, ки ҳаво гарм аст, рӯзҳо дароз ва дар зимистон, ки ҳаво сард мебошад, рӯзҳо кӯтоҳ мешаванд.
Аввал себ диҳед
Муаллим ба шогирд:
— Ту ду дона себ дорӣ, ман ба ту боз ду донаи дигар себ додам. Ҷамъ дар дасти ту чанд себ мешавад?
Шогирд:
— Аввал себ диҳед, баъд мегӯям.
Садо
Ду рафиқ ба садои ҷӯшидани об гӯш медоданд. Яке аз онҳо пурсид:
— Ин садои чист?
Дигар ҷавоб дод:
— Садои микробҳо.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ