Аз таҳти дил бихандед!
Парандаи фоидаовар
Муаллима аз толибилмон мепурсад:
— Парандаҳои барои инсон фоидаовар кадомҳоянд?
Яке аз талабаҳо мегӯяд:
— Парандаи бирёнаш, муаллима.
Халосӣ
Ҷавоне рафиқашро ошуфтаҳол пайдо намуда, мепурсад:
— Расул, чаро ин қадар парешон ҳастӣ?
Расул мегӯяд:
— Ман шавҳари аввалаи занамро кофта истодаам.
Мард боз мепурсад:
— Шавҳари аввалаи занат ба ту чӣ лозим аст?
Расул дар ҷавоб:
— Донистан мехоҳам, ки чӣ гуна дар вақташ аз вай халос шудааст!
Шоирони классик
Муаллим аз талабаҳо мепурсад:
— Шумо дар бораи шоирони классик чиро медонед?
Хонанда:
— Ҳаминашро медонам, ки ҳамаи онҳо аз олам гузаштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ