Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Сабаби ханда

Шахсе меҳмонро дар зерхона хобонида, ними шаб садои хандаи вайро дар болохона шунид. Пурсид:

— Дар ин ҷо чӣ мекунӣ?

Гуфт:

— Дар хоб ғалтидаам.

Гуфт:

— Мардум аз боло ба пойин ғалтанд, ту аз пойин ба боло меғалтӣ?

Гуфт:

— Ман ҳам ба ҳамин механдам.

Матоъ

Туфайлиро пурсиданд:

— Иштиҳо дорӣ?

Гуфт:

— Мани бечора дар ҷаҳон ҳамин матоъ дорам.

“Даҳони пӯшида — сад тилло”

Муаллим:

— Мавзӯи вазифаи хонагиро гап зан.

Хонанда:

— Гап намезанам.

Муаллим:

— Чаро?

Хонанда:

— Худатон дирӯз гуфта будед, ки “Даҳони пӯшида — сад тилло”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *