Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Шогирди нодон

Муаллим аз нодонии шогирдаш бадқаҳр шуда, мегӯяд:

— Дар каллаат ягон чиз ҳаст? Гап зан!

— Устод, ҳаст. Мӯй ҳаст, чашм ҳаст, бинию даҳон ҳаст,- мегӯяд дар ҷавоб хонанда.

Гуруснагӣ ва табиб

Қазвинӣ дар қаҳтсолӣ гурусна ба деҳе расид. Шунид, ки раиси деҳа ранҷур аст. Он ҷо рафт.

Гуфт:

— Ман марди табибам.

Ӯро пеши раис бурданд. Иттифоқан дар хонаи эшон нон мепухтанд.

Гуфт:

— Илоҷи ӯ он аст, ки як ман равған ва як ман асал биёред.

Оварданд. Дар коса кард ва ноне чанд гарм дар он ҷо шикаст. Як луқма мебардошт ва гирди сари бемор мегардонид ва бар даҳони худ мениҳод, то тамом бихӯрд.

Гуфт:

— Имрӯз муолиҷааш тамом бошад то фардо.

Чун аз хона берун омад, раис дарҳол бимурд.

Ӯро гуфтанд:

— Ин чӣ муолиҷа буд, ки кардӣ?

Гуфт:

— Ҳеч магӯ. Шаб агар ман он намехӯрдам, пеш аз ӯ аз гуруснагӣ мемурдам.

Ҳисобӣ

Сарвари тарабхона ба пешхизмат мегӯяд:

— Мебинам, ки як мизоҷатон як соат боз сарашро болои миз гузошта хоб рафтааст. Чаро ӯро аз дар берун намекунӣ?

Пешхизмат мегӯяд:

— Ман баъди ҳар даҳ дақиқа ӯро бедор мекунам, ӯ барои хӯроки хӯрдааш ҳисобӣ мекунаду боз хобаш мебарад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *