Аз таҳти дил бихандед!
Тухми шикаста
Марде ба мағоза медарояд:
— Тухм чанд сомонӣ?
Фурӯшанда дар ҷавоб:
— 1 сомониву 50 дирам. Тухмҳои шикастаро бошад, 50-дирамӣ мефурӯшем.
Мард мегӯяд:
— Ин тавр бошад, ба ман даҳ дона тухмро шикаста диҳед.
Дӯстӣ
Ҳорун ба Баҳлул гуфт:
— Дӯсттарин мардумон дар назди ту кист?
Гуфт:
— Он ки шиками маро сер созад.
Гуфт:
— Ман сер месозам, пас маро дӯст хоҳӣ дошт ё на?
Гуфт:
— Дӯстӣ нася намешавад.
Вохӯрӣ
Дар биёбон маркаб бо прапоршик вомехӯранд.
Маркаб мепурсад:
— Ту кистӣ?
Прапоршик ба атроф нигариста, мегӯяд:
— Ман капитан. Ту чӣ?
Маркаб ба атроф нигариста:
— Ман асп.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ