Аз таҳти дил бихандед!
Зани амак
Ромиш аз Суҳроб мепурсад:
— Суҳроб, ту Мадинаро ба занӣ гирифтӣ?
Суҳроб дар ҷавоб:
— Не, Мадина гуфт, ки ман камбағал ҳастам.
Ромиш мегӯяд:
— Охир, ту амаки сарватманд дорӣ ку! Чаро дар ин бора ба арӯсат нагуфтӣ?
Суҳроб мегӯяд:
— Ман гуфтам.
Ромиш:
— Ҳатто баъди фаҳмидани боигарии амакат низ розӣ нашуд?
Суҳроб дар ҷавоб:
— Акнун Мадина зани амакам аст.
Хизмат
Ба хадамоти ҷамъияти мубориза бо истеъмолкунандагони машрубот марде занг зада, мегӯяд:
— Алло! Салом! Шумо ба майхораҳо хизмат мерасонед?
Аз хадамот мегӯянд:
— Бале.
Мард мегӯяд:
— Гуфта метавонед, ки арақро чӣ гуна омода месозанд?
Посбон
Марде ба назди равоншинос рафта, мегӯяд:
— Ман бо мушкилии завҷаам ба наздатон омадам. Занам ба ҳолати васвос гирифтор шудааст ва гумон мекунад, ки куртаҳояшро касе дуздидан мехоҳад.
Равоншинос мепурсад:
— Шумо муътақид ҳастед?
Шавҳар мегӯяд:
— Комилан. Занам ҳатто барои посбонӣ кардани куртаҳояш мардеро киро намудааст. Ман дирӯз посбони куртаҳояшро дар даруни ҷевонамон дидам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ