Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Исм ё сифат

— Теша исм аст ё сифат?,- пурсид муаллим аз шогирде.

— На ину на он. Теша писари амаки Абдулло, ҳамсояи мост,- ҷавоб дод шогирд.

Ханда

Марде дар назди духтур шикоят мекунад:

— Доктор, ман баъди маошамро гирифтан чунон механдам, ки як лаҳза ором шуда наметавонам.

Духтур мегӯяд:

— Нағз ку, ханда умри одамро дароз мекунад!

Мард мепурсад:

— Яъне, ман то нафақа расида метавонам?

Духтур дар ҷавоб:

— Албатта! Баъди гирифтани нафақа хандаатон дучанд мегардад!

Баҳои “5”

Карим хурсанд назди падараш омаду гуфт:

— Медонед дада, ман имрӯз баҳои “5” гирифтам.

— Аз кадом фан, ҷони дада?

— Аз табиатшиносӣ “2”, аз таърих “3” гирифтам, ки ҷамъаш “5” мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *