латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Гунаҳкор

Бибӣ аз наберааш мепурсад:

— Бачаҷон, оинаи хонаро кӣ шикаст?

Набера мегӯяд:

— Модарам шикаст, вале гунаҳкор падарам аст. Вақте ки модарам лаъличаро ба сараш ҳаво дод, дадаам каллаашро хам кард…

“Дар хонаи роҳзан”

Ду рафиқ дар тарабхона суҳбат доранд. Якеаш мегӯяд:

— Намефаҳмам, чаро чунин тарабхонаи бонуфуз «Дар хонаи роҳзан» ном гирифтааст?

Дигарӣ дар ҷавоб:

— Ҳоло ист, пули пардохти хизматонаро биёранд, баъд мефаҳмӣ.

Санг

Зан харидаҳои шавҳарашро як-як аз назар гузаронида, мепурсад:

— Ҳой мардак, аз байни биринҷ санг баромад, онро ҳам аз бозор харидед?

Шавҳар:

— Ҳа.

Зан:

— Санг харидан чӣ даркор?

Шавҳар дар ҷавоб:

— Рафту хариди кардаам маъқул нашаваду ғинг-ғинг кунӣ, санг лозим мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *