Аз таҳти дил бихандед!
Нигоҳи бад
Котиба аз шеф мепурсад:
— Азизам, чаро занат ба ман бад-бад нигоҳ мекунад?
Шеф дар ҷавоб:
— Барои он ки замоне худаш ҳам котибаи ман буд!
Кабӯтар
Ду дугона бо ҳам вомехӯранд:
— Шунидӣ, Рустаму Фарангис издивоҷ кардаанд?
Дугонааш мегӯяд:
— Ҳа шунидам. Ҳозир зиндагияшон чӣ хел бошад?
Дугона дар ҷавоб:
— Мисли ҷуфти кабўтарон, як рўз Рустам аз тиреза мепараду рўзи дигар Фарангис!
Пулчинак
Дар автобуси пуродам мусофирон якдигарро тела додаву муноқиша мекунанд. Баногаҳ аз миёнаи автобус садое баланд мешавад:
— Ҳамон аблаҳеро, ки ҳамаро тела медиҳад, аз автобус дафъ кунед!
Дар ҷавоб боз садо баланд мегардад:
— Ман аблаҳ нестам, ман пулчинаки мусофирбарам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ