Аз таҳти дил бихандед!
Булбули гелосхӯр
Рӯзе Булбул ном писарбачае ба боғ гелосхӯрӣ даромадааст. Ногоҳ боғбон дар болои дарахт гелосхӯрии ӯро дида, гуфтааст:
— Бача, чӣ ном дорӣ?
— Булбул,- ҷавоб додааст ӯ.
— Агар булбул бошӣ, канӣ суруд хон,- хоҳиш кардааст боғбон.
Боғбон овози гӯшхарошу нофорами ӯро шунида, гуфтааст:
— Наход, ки булбул ҳамин хел хонад?
Бача аз болои дарахт ҷавоб додааст:
— Булбули гелосхӯр ҳамин хел мехонад.
Ниқоб
Аз занбӯрпарваре мепурсанд:
— Чаро вақти ҷамъоварии асал ба сари худ халта мекашед?
Занбӯрпарвар мегӯяд:
— Агар баъдан занбӯрҳо маро шиносанд, ҳолам бад мешавад.
Нафақа
Дар маъракаи занон яке аз духтарон аз дугонаҳояш мепурсад:
— Дугонаҳо, нафаре аз шумо бо марди пиронсол ишқбозӣ кардааст? Канӣ тавсияву маслиҳатҳоятон чӣ гуна аст?
Бонуе дар ҷавоб мегӯяд:
— Нафақаи онҳо баъд аз санаи 10-уми моҳ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ