Аз таҳти дил бихандед!
Шиносоӣ дар хоб
Зан шавҳарашро шаб бедор мекунад:
— Носир, ту киро шаб Фарзона гуфта даъват мекардӣ?
— Э! Ту ўро намешиносӣ, ман бо ў дар хобам шинос шудам.
Кино
Ду рафиқ ба театр ба тамошои филми 3D мераванд. Дар вақти тамошо якеашон мебинад, ки ҳайвони бадҳайбате ба тарафи тамошобинон медавад. Ў аз тарс зери курсиҳо медарояд.
Рафиқаш мегӯяд:
— Эй ҷўра, шармандамон кардӣ ку, охир ин кино аст, кино!
Ӯ мегӯяд:
— Ману ту медонем ин кино аст. Ӯ ҳайвон аст, аз куҷо медонад?
Шикор
— Мардак, ёд дорӣ, тобистон ба шикор рафта будӣ ку?
— Бале, ёд дорам, чӣ буд?
— Рўбоҳи ту занг зада буд, гуфт, ки ҳомиладор шудааст.
Баҳс
Мард дурудароз бо занаш баҳс мекунад. Мард дар охир монда шуда, ба занаш мегўяд:
— Майлаш, биё гуфти ту шавад…
Зан:
— Дер шуд, ман аз фикрам гаштам!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ