Аз таҳти дил бихандед!
Садои ҷома
Дар хона шабона чизе ногоҳ гулдуррос зада афтод.
Зан тарсида, бедор шуду пурсид:
— Мардак, чӣ гулдуррос зад? Қариб дилам кафида буд.
Мард:
— Хавотир нашав, ҷомаи ман буд,- ҷавоб дод шавҳар.
— Аҷабо, ҷома ҳамин қадар гулдуррос мезанад магар?!,- изҳори тааҷҷуб кард зан.
— Дар дарунаш худам ҳам будам-дия!,- шарҳ дод шавҳар.
Оши шабмонда
Гадое паси дари ҳавлие омад. Зане садои ӯро шунида, пеши дар омаду гуфт:
— Ту метавонӣ оши шабмонда бихӯрӣ?
Гадо гуфт:
— Худо умратро дароз кунад, метавонам.
Зан гуфт:
— Пас бирав ва фардо биё, мо имрӯз ош мепазем.
Сафар
Ду дўст суҳбат карда истодаанд.
— Имсол ман ба ҷазираи беодаме меравам, ки дар байни уқёнус аст.
— Чӣ хел зўр! Ба занат ин маъқул мешуда бошад?
— Маъқул аст албатта! Вай бечора дар он ҷо ин қадар вақт зиқ шудагист бе ман…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ