Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Посухи мард

Зан рӯзҳои истироҳат ба шавҳараш эрод мегирад, ки вай рӯзи дароз дар хона хоб асту ҳар коре хоҳад мекунад, куҷое хоҳад меравад, ӯ бошад, рӯзи дароз дар хона мешинад.

Шавҳар дар ҷавоб мегӯяд:

— Магар ман ба ту ягон чиро манъ кардаам? Ҳамеша мегӯям, ки дар хона чӣ коре мехоҳӣ, кардан гир, хоҳӣ, хонаро рӯбучин намо, хоҳӣ, хӯрок паз, хоҳӣ, рӯзҳои якшанбе ба хонаи модарат рав. Ту бошӣ, боз даъво мекунӣ!

Дуздӣ

Марди масте ба милиса занг зада, мегӯяд:

— Зудтар оед, чанбараки мошини маро дуздидаанд!

Пас аз чанде марди маст боз занг мезанаду мегӯяд:

— Наоед, ман ба нишастгоҳи қафои мошинам нишастаам!

Шуғл ё булҳавасӣ

Мард аз зане суол мекунад:

— Шумо шавҳар доред?

Зан дар ҷавоб:

— Бале, шавҳари панҷумам аст.

Мард боз мепурсад:

— Бахшиш, ман донистан мехоҳам, ки ин амали шумо булҳавасӣ аст ё шуғли дӯстдошта?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *