Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Қумбозии писар

Зане ба духтур муроҷиат карда, мегӯяд:

— Вақтҳои охир ба писарам чизе шудааст. Рӯзи дароз дар назди хона нишаста, қумбозӣ мекунад.

— Ҳеҷ гап не, шумо ташвиш нашавед. Ҳамаи писарбачаҳо дар ин синну сол қумбозӣ мекунанд,- мегӯяд духтур.

— Ман-ку ташвиш намешавам, лекин занаш мумкин аз хона баромада равад,- мегӯяд зан.

Зангирӣ

Ҷавоне аз падар мепурсад:

— Дада, барои зангирӣ чӣ қадар пул лозим аст?

Падар:

— Намедонам писарам, ман то ба имрӯз пул медиҳам.

Арақ

Табиб ба мариз мегӯяд:

— Шумо бояд арақхӯриро бас кунед.

Бемор мепурсад:

— Барои чӣ, доктор?

Табиб мегӯяд:

— Гап сари он аст, ки ман дирӯз хуни шуморо барои ташхис гирифта будам, вале хунатон бухор шудааст!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *