Аз таҳти дил бихандед!
Ҷавонони боодоб
Ду пиразан дар назди бинои истиқоматӣ аз ину он суҳбат мекунанд. Якеаш мегӯяд:
— Ҷавонони имрӯза хеле тифоқ шудаанд, ана ба он гурӯҳ нигар, як сигорро ҳамакаса мекашанд.
Пиразани дигарӣ дар ҷавоб:
— Рост мегӯӣ, бубин, боз механданд.
Бахшиши гуноҳ
Чукчаро гунаҳгор карда, пеши ҳоким бурданд. Гуноҳаш исбот шуд. Ҳоким фармуд:
— Бинии ӯро сӯрох кунед!
Чукча гуфт:
— Эй ҳокими одил, ба Худо, ки бинии ман ду сӯрох дорад, ба сурохии дигар эҳтиёҷ нест!
Ҳоким хандид ва гуноҳи ӯро бахшид.
Санаи истеҳсол
Аз мард мепурсанд:
— Чиро бештар дўст медорӣ? Май ё занро?
Мард дар ҷавоб:
— Ин аз санаи истеҳсолшавӣ вобастагӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ