Аз таҳти дил бихандед!
Шарти нозир
Корманди БДА мошинеро манъ мекунад, ки ронандааш сархуш аст. Мард калавида-калавида аз мошин баромада, мегӯяд:
— Тамом, ба даст афтодам…
Нозири роҳ дар ҷавоб:
— Биё бо панҷсад сомонӣ шарт мекунем, ки ба даст наафтодаед.
Кашмокашак
Оилаи ҷавон 1-уми сентябр писарчаашонро ба мактаб ба синфи як равона мекунанд. Формаи мактабии нав, дар дасташ гул… Баъди мактаб ўро бо хурсандӣ пешвоз мегиранд.
Писарча бо қошу қавоқ даромада, сумкаро ба болои диван партофта, мегўяд:
— Чаро шумо маро таъкид накардед, ки ин кашмокашак ёздаҳ сол давом мекунад!?
Ҷавонӣ
Ду пирамард даврони ҷавониро ба ёд меоранд. Яке мегӯяд:
— Биё духтарбозӣ мекунем.
Пирамарди дуюм мегӯяд:
— Рафту духтарон ишқамонро рад кунанд?
Пирамарди аввала:
— Рад кунанд, дарди ба хайр, ту Худо гӯй, ки қабул накунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ