Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Арақ ба ҷои чой

Марде ба рафиқаш мегӯяд:

— Биё ба пиёлаи чойи Субҳон арақ рехта, шӯхӣ мекунем.

Рафиқаш дар ҷавоб:

— Биё бо ман чунин шӯхӣ кунем.

Таъбири хоб

Зан ба шавҳараш мегӯяд:

— Мардакҷон, имшаб хоб дидам, ки ту ба ман ангуштарини калони алмосдор туҳфа кардаӣ. Ин чӣ маъно дошта бошад?

— Бегоҳ мегӯям, ҷонакам,- гуфта, мард занашро мебӯсад.

Зан аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷад, бо фикри он ки бегоҳӣ шавҳараш ба ӯ туҳфа меорад. Ӯ бегоҳӣ дастурхонро бо хӯроки беҳтарин ороста, шавҳарашро интизор мешавад.

Бегоҳӣ мард дар даст қуттӣ ба хона меояд. Зан бо хурсандӣ қуттиро кушода, даруни он китоби «Таъбири хоб» меёбад.

Иқрор

Марде ба дӯсташ дарди дил мекунад:

— Ба занам иқрор шудам, ки маъшуқа дорам ва дигар надидамаш.

Дӯсташ мепурсад:

— Магар баромада рафт?

Мард дар ҷавоб:

— Э не, як ҳафта надидам, баъдан кам-кам бо чашми ростам ӯро медидагӣ шудам…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *