Аз таҳти дил бихандед!
Фиреб
Писарбача давида ба хона даромада, ба модараш мегӯяд:
— Оча! Оча! Падарам худро овехтааст!
Зан аз ҷояш ҷаста, бо даҳшат мепурсад:
— Дар куҷо?
Писарак мегӯяд:
— Дар хонаи хоб!
Зан ба хонаи хоб медавад, вале он ҷо касеро намеёбад. Писарбача бошад, бо ханда мегӯяд:
— 1-уми апрел оча, дадаам дар ошхона худашро овехт.
Шодии домод
Зане ба хонаи духтараш ба меҳмонӣ омада, баъди чанд рӯз дар сари дастархон ба духтару домодаш нигоҳ карда, мегӯяд:
— Духтарам, ман як ҳафтаи дигар дар хонаатон меистам.
Духтараш дар ҷавоб:
— Марҳамат модарҷон, чӣ қадаре ки мехоҳед, истодан гиред.
Хушдоман ба домод нигариста, мегӯяд:
— Чаро домод чизе намегӯяд?
Духтараш мегӯяд:
— Домодатон аз шодӣ сухан ёфта наметавонад, оча.
Аҷали ҳайвонот
Муаллимаи зоология аз талабагон мепурсад:
— Ҳайвонҳо дар ҷангал аз кӣ метарсанд?
Талабаҳо бо як овоз ҷавоб медиҳанд:
— Аз Маша.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ