Аз таҳти дил бихандед!
Вазифаи хонагӣ
Модар аз писарчааш мепурсад:
— Вазифаи хонагиятон бисёр аст?
Писарак оҳ кашида, мегӯяд:
— Ту имрӯз фақат дод мезаниву дод мезанӣ…
Ду хар
Марде ду хар дошт, обдиҳӣ бурд. Як хараш об хурду гурехт, хари дигараш аз қафои он тохт. Мард аз пасашон давид, расида натавонист, харҳо ғайб заданд. Ба маҳаллае расида, аз одамон пурсид:
— Аз инҷо ду хар нагузаштааст?
— Чӣ хел харҳо?,- пурсиданд аз ӯ.
— Як хари обхӯрдагӣ, як хари обнахӯрда,- гуфт мард.
Таваллуд
Марде зан гирифт, занаш расо баъди чору ним моҳ таваллуд кард. Шавҳар ҳайрон шуда, ба занаш гуфт:
— Ҳама медонанд, ки бача баъди нуҳ моҳ таваллуд мешавад, ту дар чору ним моҳ таваллуд кардӣ. Чаро ин хел шуд, занак?
Зан гуфт:
— Аз рӯзи ба шумо расидани ман чору ним моҳ гузашт-а?
— Ҳа,- гуфт шавҳар.
— Аз рӯзи маро гирифтани шумо чанд вақт гузашт?,- пурсид зан.
— Чору ним моҳ,- ҷавоб дод шавҳар.
— Пас чору ним моҳро ба чору ним моҳ ҷамъ кунем, чӣ қадар мешавад? Магар нуҳ моҳ намешавад? ,- гуфт зан.
— Нуҳ моҳ мешавад. Ба инаш ақли ман нарасидааст,- тасдиқ кард шавҳар.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ