Аз таҳти дил бихандед!
Достони навқалам
Навқаламе барои фаҳмидани мулоҳизаи редаксия дар бораи достони худ ба идораи маҷалла рафт ва аз ходими маҷалла пурсид:
— Мудири шуъба достони маро хондаанд?
Ходими маҷалла нигоҳе ба зери мизи мудири шуъба андохту гуфт:
— Не, нахондаанд.
— Шумо инро аниқ медонед?,- пурсид навқалам.
— Аниқ,- сабади зери мизашон холӣ,- гуфт ходими идора.
Маро оварданд…
Навбатчии милиса ба масте эрод гирифт:
— Ҳа, боз ба ҳушёрхона омадӣ?
— Ман худ наомадаам, маро кашола карда оварданд,- гуфт ӯ.
Лағмон
Нафаре як коса лағмон харида, дид, ки дар коса магас шино мекунад.
Сарошпазро ҷеғ зада, гуфт:
— Ин чӣ гап? Ба деги ошатон магасҳо ҳамла овардаанд магар?!
Гуфт:
— Хасисӣ накунед, як магас чӣ қадар лағмон мехӯрад!?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ