Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Тифли серӯза

Марде зан гирифт, рӯзи панҷум занаш фарзанде таваллуд кард. Мард ба бозор рафта, дафтару китоб харида овард. Аз ӯ пурсиданд:

— Лавозимоти мактабиро баҳри чӣ харидӣ?

Мард гуфт:

— Тифле, ки дар панҷрӯзагӣ таваллуд шудааст, дар серӯзагӣ ба мактаб меравад.

Шӯрбо

Араберо гуфтанд:

— Шумо шӯрбои гармро чӣ меномед?

Гуфт:

— Каллаҷӯш.

Гуфтанд:

— Агар шӯрбо сард шавад, онро чӣ меномед?

Гуфт:

— Мо намегузорем, ки шӯрбо сард шавад.

Мошин

Духтарак ба падар мегӯяд:

— Дадаҷон, мошинатро ба ман медиҳӣ? Барои як рӯзак!

Падар дар ҷавоб:

— Духтарҷон, пойҳоят барои чиянд?

Духтар мегӯяд:

— Яктояш барои тормоз, дигараш барои газ!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *