Аз таҳти дил бихандед!
Дӯсти беҳтарин
— Комил, ту метавонистӣ, ки барои дӯсти беҳтарини худ ба муҳлати як моҳ 100 доллар қарз диҳӣ?
— Албатта метавонистам! Лекин ман ин хел дӯст надорам!
Бекорам
Харе ҷон медод. Рӯбоҳе болои сараш омад.
Хар гуфт:
— Чаро ин ҷо нишастаӣ?
Гуфт:
— Нишастаам, ки ту бимирӣ ва аз гӯштат бихӯрам.
Хар гуфт:
— Ман то чоршанбе нахоҳам мурд!
Рӯбоҳ гуфт:
— Ман ҳам то рӯзи ҷумъа бекорам.
Себ
— Ҳой писар, ту дар боғи ман чӣ кор мекунӣ!?
— Мефаҳмед, тағоҷон, як себ аз дарахти шумо афтод ва ман мехостам, ки онро дар ҷояш часпонам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ