Аз таҳти дил бихандед!
Хоби бад
Зани тундхӯе нимишабӣ дар хоб дасту по мезад ва фиғон мекард. Шавҳараш ӯро аз хоб бедор карда, сабаб пурсид.
Зан гуфт:
— Хоби баде дидам, гӯё ман мурдааму мардум дар тараддуди гӯру кафани ман шудаанд.
Шавҳар гуфт:
— Аҷаб аҳмақам ман, ки туро бедор кардам.
Рамазон
Зоҳиде дар маҷлис мегуфт:
— Оё моҳи Рамазон аз мо хушнуд рафт?
Зарифе гуфт:
— Бале, хушнуд рафт.
Зоҳид пурсид:
— Аз куҷо медонӣ?
Гуфт:
— Аз он ҷо ки агар хушнуд наравад, соли дигар боз наояд.
Кактус
Ду дугона нишастаанд, яке ба дигар мегӯяд:
— Лайлӣ, кактусҳо дар пеши тиреза барои онанд, ки мардҳо ба хона надароянд?
— Не. Барои он, ки аз хона набароянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ