Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Марди хасис

Марди хасисе пеш аз хоб китоб мехонд ва чароғи хонаро куштаву гирондан мегирифт. Занаш пурсид:

— Барои чӣ ин тавр мекунӣ?

Гуфт:

— Ҳангоми ба дигар саҳифа гузаштан равшанӣ лозим нест!

Моҳӣ

Субҳ зан мардашро меҳрубонона бедор мекунад:

— Субҳат ба хайр, харгӯшак! Хез, Гурбачаяк. Охир, бедор шав, Офтобак…

Дар ҷавоб мешунавад:

— Ман имрӯз моҳиям, пой надорам ва ба ҳеҷ куҷо намеравам!

Чор фарзанд

Зане ба дугонааш телефонӣ шикоят мекунад:

— Намедонам чӣ кор кунам: ду сол пеш шавҳарам ба Дубай рафт, акнун телефон карда мегӯяд, ки бо ҳарду фарзандам ба пешаш равам.

— Чӣ фикр мекунӣ? Рав охир?

Зан мегӯяд:

— Гап сари он, ки акнун ман 4 фарзанд дорам!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *