Аз таҳти дил бихандед!
Болишти паст
Марде аз сафар бармегашт, торик шуд, ба хонаи як шиносаш даромад. Шиносаш одами хасис буд, хеле гап доду баъд ҷойгаҳ партофта, “баҳузур хоб кунед, шабатон хуш” гуфта, баромада рафт.
Аз гуруснагӣ хоби мард намебурд, ноилоҷ хеста, дарро тақ-тақ кард. Шиносаш аз дарун:
— Чӣ шуд?
— Дуто нон даркор,- гуфт мард.
— Дар ин нимишабӣ нонро чӣ кор мекунед?,- пурсид шиносаш.
— Болишт паст аст, хобам набурда истодааст, нонҳоро ба тагаш мемонам,- гуфт мард.
Ҳамҷинс
Марде харсавор мерафт, ки аз пешаш сӯфии деҳа баромад. Якбора хар ҷуфтак паронда, ҳангас зад. Сӯфӣ пурсид:
— Ба харатон чӣ шуд?
Мард гуфт:
— Ин фалокат ҳамҷинсашро бинад, ҳамин хел мекунад.
Мошинча
Зан дуҷон буд. Шавҳараш ҳазломез гуфт:
— Хайр, завҷаи муҳтарам, ин дафъа духтарча таваллуд мекардагистед?
Писарчаи сесолаашон, ки гуфтугӯи онҳоро гӯш мекард, аз модараш илтиҷо карда, гуфт:
— Модарҷон ин дафъа мошинча таваллуд кунед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ