Аз таҳти дил бихандед!
Билети кино
Хасисе хоб дид, ки ҳамсояашро ба кино таклиф кардааст. Бедор шуда, гуфт:
— Хайрият бедор шудам, вагарна маҷбур будам барои ҳардуямон билет харам.
Не, намешавад
Марде болои хараки пеши дари ҳавлияш мавиз хӯрда нишаста буд, ки як ҳамгузараш омада, пурсид:
— Ҳамсоя, чӣ мехӯред?
— Не, намешавад,- гуфт мард.
— Ин чӣ хел ҷавоб?!,- пурсид ҳамгузараш.
— Ҷавоби дуруст,- гуфт мард.
— Чӣ хел дуруст, ки аз гапатон ҳеҷ чиз фаҳмида намешавад?!,- гуфт ҳамгузараш.
— Агар бисёр фаҳмидан хоҳӣ, мегӯям — ту пурсидӣ, ки ман чӣ мехӯрам, агар ман мавиз гӯям, «камакак те» мегуфтӣ, ман мегуфтам, ки «худаш кам», ту боз мегуфтӣ, ки «ақаллан ду донаяк». Ҷавобро кӯтоҳ карда, «не, намешавад» гуфтаму мондам.
Рӯзи нобарор
Писар аз падар мепурсад:
— Падарҷон, рӯзи бо модарам вохӯрданатонро дар ёд доред?
— Бале, писарҷон. Дар ёд дорам,- ҷавоб медиҳад падар.
— Кадом рӯз аст?,- боз мепурсад писар.
— Рӯзи нобарор,- ҷавоб медиҳад падар.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ