Аз таҳти дил бихандед!
Биҳишт ва дӯзах
Омӯзгор ба толибилмон мегӯяд:
— Нафароне, ки бо баҳои 5 ва 4 таҳсил мекунанд, ба биҳишт мераванду баҳои 3 ва 2 гирифтагон ба дӯзах меафтанд.
Талабае аз партаи ақиб мепурсад:
— Муаллим, имкони мактабро зинда хатм намудан вуҷуд дорад?
Хоб
Майзадае шаб ба хона баргашта, дар паси дар хобаш мебарад. Саҳарӣ ҳамсараш ба кор рафтанӣ мешаваду мехоҳад дарро кушояд. Азбаски шавҳараш дар паси дар хобида буд, баромада наметавонад ва шавҳарашро бедор мекунад. Шавҳари масташ чашмонашро кушода занашро мебинад ва мегӯяд:
— Шаб дар куҷо будӣ? Аз куҷое, ки омадӣ, ба ҳамон ҷо рав! Халал нарасон, мон хоб равам!
Мард
Писарбача аз падар мепурсад:
— Дада, мард кист?
Падар мегӯяд:
— Мард нафари пурқувватест, ки оилаи худро дӯст дошта, ҳифз ва нигаҳбонӣ мекунад!
Писарак инро шунида, ба падар мегӯяд:
— Чӣ хел зӯр! Ман ҳам мехоҳам мисли модарам мард шавам!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ