Аз таҳти дил бихандед!
Қаноатмандии мард
Аз марде пурсиданд:
— Шумо аз кори худ қаноатманд ҳастед?
Мард мегӯяд:
— Медонед, субҳ вақти ба кор рафтанам духтарони зеборо дида, шавқу рағбатам зиёд мегардад. Ҳангоми аз кор омадан ҳамон духтаронро бинам ҳам, шавқу рағбат аллакай нест. Маълум мешавад, ки қаноатманд мекунад.
Дандон
Дандонпизишк ба бемор:
— Ҳарду дандонатон шамол кашидагӣ, кандан лозим аст.
Бемор:
— Чанд сомонӣ мешавад?
Дандонпизишк:
— 150 сомонӣ.
Бемор:
— Барои кори дудақиқагӣ 150 сомонӣ?
Дандонпизишк:
— Хайр, агар ба шумо маъқул бошад, ман дандонҳоятонро давоми ду соат кашидан мегирам.
Аблаҳ
Зан ба шавҳар мегӯяд:
— Азизам, ман фикрҳои инсонро хонда метавонам!
Шавҳар мегӯяд:
— Ман ҳозир дар бораи чӣ фикр дорам?
Зан мегӯяд:
— Худат аблаҳ!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ