Аз таҳти дил бихандед!
Баҳои асал
Муҳиддинро як ошнои хасисаш ба меҳмонӣ хабар карда, ба пешаш нону асал бароварда монд ва барои он ки Муҳиддин ҳамаи асалро хӯрда тамом накунад, аз нарху наво гап сар кард:
— Баҳои асал ҳам бисёр баланд шудааст. Як қадоқаш ба даҳ танга афтод…
Муҳиддин мақсади соҳибхонаро пай бурда, ҷавоб дод:
— Парво накунед, ман коре мекунам, ки асал ба шумо ба нисфи баҳояш, яъне қадоқаш ба панҷ танга афтад.
Соҳибхона:
— Чӣ тавр?
Муҳиддин:
— Як бурда нонро хушк мехӯраму як бурдаи дигарро бо асал.
Хурдтарин нуқта
Муаллими фанни ҷуғрофия аз Шариф пурсид:
— Ту гӯй, ки хурдтарин нуқтаи Замин куҷост?
— Хонаи мо,- ҷавоб дод Шариф.
Бозӣ
Писараки хурдсол дар хона ҳар сӯ давида, китобҳоро аз ҷевон ба поён мепартояд, либосҳоро титу курсиҳоро чаппа мекунад. Бибияш давида меояд:
— Ту чӣ кор карда истодаӣ?!
— Бозӣ.
— Чӣ хел бозӣ?!
— Бозии «Занак, калиди мошини ман канӣ?!».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ