Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Зани “соҳибҷамол”

Зане буд бадандом ва зиштрӯ. Ӯро ба нобиное доданд. Рӯзе зан ба шавҳараш гуфт:

— Афсӯс, ки чашми ту пӯшидааст, сурати чун офтоб дурахшон ва рухсори чун гул нозуку тару тоза, чашмони шаӯло ва абрувони тобони маро намебинӣ.

Нобино гуфт:

— Дурӯғ нагӯй.

Пурсид:

— Чаро мепиндорӣ, ки ман дурӯғ мегӯям?

Гуфт:

— Агар ту ҷамоле медоштӣ, ба дасти мани нобино намеафтодӣ.

Хоҳиш

Гадое пеши хасис рафт. Хасис гуфт:

— Агар як сухани маро қабул намоӣ, ҳар чӣ гӯӣ, хоҳам кард.

Гадо пурсид:

— Он сухан чист?

Гуфт:

— Боре аз ман чизе махоҳ, дигар ҳар чӣ бигӯӣ, мекунам.

Бахшиши гуноҳ

Чукчаро гунаҳгор карда, пеши ҳоким бурданд. Гуноҳаш исбот шуд. Ҳоким фармуд:

— Бинии ӯро сӯрох кунед!

Чукча гуфт:

— Эй ҳокими одил, ба Худо, ки бинии ман ду сӯрох дорад, ба сӯрохии дигар эҳтиёҷ нест!

Ҳоким хандид ва гуноҳи ӯро бахшид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *