Аз таҳти дил бихандед!
Моҷаро
Дар байни кӯча ду нафар бо ҳам муноқиша мекунанд. Марди якум мегӯяд:
— Гӯсфанд!
Марди дуюм дар ҷавоб:
— Худат гӯсфанд!
Роҳгузаре ҷанҷоли онҳоро шунида, мегӯяд:
— Модоме, ки ҳардуятон хешу табор бошед, барои чӣ моҷаро мекунед?
Ҳуҷҷати имтиёзнок
Духтури ҷарроҳ ба бемор мегӯяд:
— Барои аз сари шумо мехро кашида гирифтан бояд се ҳазор сомонӣ пардохт намоед.
Бемор дар ҷавоб мегӯяд:
— Охир, ман ҳуҷҷати имтиёзнок дорам.
Ҷарроҳ дар ҷавоб мегӯяд:
— Бо он ҳуҷҷат мо танҳо мехро дар ҷояш қат карда метавонему халос!
Бева
Мард аз занаш тавалло мекунад:
— Гулсара, илтимос, биё бе ҷангу ҷанҷол аз ҳамдигар ҷудо мешавем. Хоҳӣ, ман дар наздат ба зону меистам, тавалло дорам…
Зан дар ҷавоб:
— Хестӣ, ки хобӣ! Ин хаёли хомро аз сарат дур парто! Маро бева гирифта будӣ, бева сар медиҳӣ!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ