Аз таҳти дил бихандед!
Мизоҷи серпул
Духтури дандон ба қабулгоҳ баромада, асабӣ шудаву ин тарафу он тараф равуо мекунад.
— Чӣ шуд? Бемори вазнин аст?,- мепурсад ҳамшира.
— Ҳа, мизоҷи серпул, аммо ҳамаи дандонҳояш сиҳат.
Оина
Ду духтар дар тарабхона нишаста, арақ менӯшиданд. Яке ба дигаре муроҷиат карда, гуфт:
— Ҳо ана вай ду занаки ожангзадаро мебинӣ? Даҳ сол пас мо ҳам ба онҳо монанд мешавем.
— Ту чӣ, девона шудаӣ, охир вай оина аст?!
Нишона
— Дар оилаи ман ҳама ба гапи занам амал мекунанд,- мегӯяд марде.
— Ту чӣ, наметавонӣ ба ин кор хотима диҳӣ?,- мепурсанд аз ӯ.
— Чаро наметавонам? Метавонам. Шумо фикр намекунед, ки барои чӣ дар зери чашмам сиёҳӣ пайдо шудааст?,- ҷавоб медиҳад мард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ