Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Хонаи даврашакл

Марди дорое ба ширкати сохтмонӣ рафта, фармоиш медиҳад, ки хонаро даврашакл созанд.

— Барои чӣ?,- дар ҳайрат монда, мепурсад роҳбари ширкат.

— Ба қарибӣ хушдоманам гуфт, ки “наход дар хонаи нав барои ман як  кунҷак ҳам ёфт нашавад?”.

Ризқ

Аз як марди коргурез пурсиданд:

— Айб нест, ки шумо соли дароз кор накарда, аз музди меҳнати занатон рӯз мегузаронед?

Марди коргурез гуфт:

— Парвардигор ризқи мани бечораро дар пешонаи занам навишта бошад, гуноҳи ман чӣ?

Дарди ба хайр

Аз суҳбати ду мард:

— Шаш духтар дораму ягон домод не. Ту  ба ҷои ман чӣ кор мекардӣ?,- мегӯяд марди аввалӣ.

— Ин дарди ба хайр. Ман як духтар дораму шаш домод. Ту ба ҷои ман чӣ кор мекардӣ?,- мегӯядд марди дуюм.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *