Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Меҳри пурхӯр

Аз пурхӯре пурсиданд:

— Ба кадом шоир меҳр дорӣ?

Гуфт:

— Ба Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ.

— Ба хотири чӣ?

Гуфт:

— Ба хотири як байти ӯ.

Ва он байтро бо шавқи тамом замзама кард:

Куҳ бувад наволаам, баҳр бувад пиёлаам,

Ҳар ду ҷаҳон чу луқмаест дар васати даҳони ман.

Фарзанд

Назди таваллудхона. Ҳамшираи шафқат дугоникро бароварда, ба мард мегӯяд:

— Шумо натарсидед, ки соҳиби ду фарзанд шудед?

— Не, чаро тарсам.

— Набошад инҳояшро доред, ман барои дутои дигараш равам.

Ёрии таъҷилӣ

Дар бемористон сӯхтор сар зад. Мошинаҳои сӯхторнишонӣ омада сӯхторро хомӯш карданд. Баъд ба назди сардухтур омада, ҳисобот доданд:

— Се кас қариб қурбонӣ шаванд. Дар таҳхона ёфтем. Ба ду кас таъҷилан ёрӣ расонида, ба худ овардем, аммо сеюмаш, афсӯс…

Сардухтур аз ҳуш меравад. Ӯро ба худ оварда, мепурсанд:

— Чӣ шуд?

— Бачаҳо, охир он ҷо МОРГ буд!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *