Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Торт ё моҳибирён?

Зану шавҳари ҷавон дар сари дастурхон нишастаанд. Ҷавонзан бо ноз мегӯяд:

— Азизакам, ман айни замон танҳо пухтани торт ва моҳибирёнро метавонаму халос.

Шавҳараш мегӯяд:

— Албатта, ҷонам, ту оҳиста-оҳиста пухтани тамоми хӯрокҳоро ёд мегирӣ. Ҳоло бошад, ман ҳаминро донистан мехоҳам, ки хӯроки овардаат торт аст ё моҳибирён?

Аёдат

Духтаре ба беморхона ба аёдати ҷавони дӯстдоштааш меояд. Занеро бо халати сафед дар назди палатаи дӯстдоштааш дида, аз ӯ мепурсад:

— Мумкин аст ман ба назди бемор дароям?

Зан синчакорона ба духтар нигариста, мегӯяд:

— Шумо ба бемор кӣ мешавед?

Духтар мегӯяд:

— Ман хоҳараш.

Зан дар ҷавоб мегӯяд:

— Аз шиносоӣ хеле шодам, ман модари бемор ҳастам.

Духтур

Марде гирифтори бемории кӯрруда (аппендисит) мешавад ва назди табиб меояд. Духтур баъди назорат ба ӯ мегӯяд:

— Як ресмонро мегирему як канорашро ба дари утоқ мечаспонем, дигарашро ба ҷои дардманди шумо, ман дарро яку якбора мекушоям ва мушкилатон рафъ мегардад.

Бемор мегӯяд:

— Шумо аниқ аппендиситро рафъ намуда метавонед?

Духтур мегӯяд:

— Медонед, ҳамаи духтурони ҷарроҳи шуъбаи мо корро партофта рафтанд, ман бошам, духтури дандон ҳастам. Ҳар коре, ки аз дастам меояд, ҳамонро мекунам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *