латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Лайкмонак

Соли 2025. Аз марде мепурсанд:

— Шумо дар куҷо таҳсил кардаед?

Мард дар ҷавоб:

— Ҳафт сол дар “Фейсбук” ва 4 сол дар “Инстаграм”.

Боз мепурсанд:

— Ихтисосатон чист?

Мард мегӯяд:

— Лайкмонаки 6-ум разряд!

Ҳақиқат

Зани фарбеҳе ба назди духтур омада, мепурсад:

— Духтур, аз рӯйи вазнам, дарозии қади ман бояд чӣ қадар бошад?

Духтур дар ҷавоб:

— Чор метр, Сабоҳатхон, чор метр…

Дашноми арабӣ

Марде дар Арабистон пулҳои мардеро медуздад. Марди араб дуздро қапида, бо забони худаш дашномҳои болохонадор медиҳад.

Мард худ ба худ мегӯяд:

— Ман пулҳои ин мардро дуздидам, ӯ бошад, ба ман сура қироат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *